ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ МУДИРИЯТ

Ахбор ИНФРАСОХТОР МУҲОҶИРАТ ХАБАРҲО ҲИСОБОТҲО

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ МУДИРИЯТ

10 – уми январи соли 2026 дар толори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи Мудирият баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ҷамъбастии Мудирият, сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Абдуллозода, директори Мудирият Манучеҳр Ҷамилзода, муовинони директор, сардорони шуъбаҳо ва аз ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, паймонкорон иштирок намуданд.

Нахуст директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Манучеҳр Ҷамилзода маҷлисро оғоз ва ҳозиринро бо тартиби гузаронидани машварат шинос намуда, аз иштирокчиён хоҳиш намуд, ки доир ба беҳтар намудани кори Мудирият, ташкилотҳои паймонкор, молрасону хизматрасон ва дигар сохторҳое, ки дар омода намудани минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун фаъолият доранд, фикру андеша ва таклифҳои худро иброз намоянд.

Доир ба масъалаи баррасишавандаи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи солона аз ҷониби директори Мудирият Манучеҳр Ҷамилзода ироа карда, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар суханрониҳо асосан дар бораи корҳои анҷомшудаи Мудирият дар соли 2025 сухан рафт.

Инчунин, зикр гардид, ки кормандони Шуъбаи муҳоҷират ва барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронии Мудирият вазифадор карда мешавад, ки кӯчонидани аҳолии деҳаи Бедихои Ҷамоати деҳоти Изатулло Ҳалимови ноҳия Нурободро идома дода, то моҳи августи соли 2026 ба пуррагӣ кӯчонида шавад.

Сипас аз тарафи директори Мудирият таклифу пешниҳодҳои муфиду мушаххас изҳор гардида, ба масъулин барои рафъи камбуду норасоиҳо ва иҷрои бечунучарои нақшаҳои истеҳсолӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон Шуъбаи муҳоҷират ва барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронии Мудирият, паймонкорон ва 3 муҳоҷир аз деҳаи Бедихои Ҷамоати деҳоти Изатулло Ҳалимови ноҳия Нуробод, барои заҳмату фаъолияти пурсамар ва иҷрои сарвақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Мудирият ва иштироки фаъолона дар омодасозии минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун аз ҷониби Мудирият бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *