Баргузории вохури дар деҳаи Луғури Ҷ/д. Сичароғи ш.Роғун.
Санаи 31 марти соли 2026 дар мавзеъи ҷамъиятии деҳаи Луғури шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 70 нафар аҳолии кучонидашавандаи зери таъсири лоиҳаи НБО РОҒУН қарордошта, бо иштироки муовини директори МД ММЗ НБО РОҒУН Саидзода Р. муовини раиси шаҳри Роғун Сафарализода Қ. Сардори кумитаи замини шаҳри Роғун Мерганзода Ю . Раиси Ҷамоати деҳоти Сичароғ Давлатов С. Сардори шуъбаи маниторинг ва арзёбии Мудирият Боймаҳмадзода М.
Сардори шуъбаи муҳоҷирати Мудирият Розиев Ғ. ва кормандони масъули МД ММЗ НБО Роғун вохури баргузор гардид . Дар ҷараёни вохури маълумоти мухтасар аз раванди муҳоҷирати иҷбори ва принсипҳои асосӣ , бандҳои калиди дар рафти кучбанди ,пардохти ,ҷубронпули бо назардошти таваррум, ҷудо намудани қитъаи замин , сохтмони бинои нави истиқоматӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи Саидзода Р. ва аъзоёни гуруҳи корӣ ба ҳозирин баррасӣ гардиданд. Дар рафти вохурӣ фикру мулоҳизаҳои иштирокчиён дар шакли шифои шунида шуда , мутахассисони соҳавии дахлдор ба саволҳои ба миён омада ҷавобҳои муфассали қаноатбахш доданд.

