МАШВАРАТ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ САИДОНИ ШАҲРИ РОҒУН

Ахбор ИНФРАСОХТОР МУҲОҶИРАТ ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО

МАШВАРАТ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ САИДОНИ ШАҲРИ РОҒУН

Санаи 2 – юми майи соли 2025 маҷлиси якҷояи муттасадиёни Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва намояндагони МИҲД – и шаҳи Роғун бо муҳоҷирони иҷборӣ дар деҳаи Саидони Ҷаомати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун вохӯрию сӯҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Маҷлисро муовини аввали раиси шаҳри Роғун Сафарализода Қудратулло Сафаралӣ оғоз намуда, роҷеъ ба муҳтавои вохӯрии имрӯза оиди супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва МИҲД – и шаҳри Роғун баррасӣ намуда, баъди шинос намудани меҳмонон суханро ба сардори шуъбаи мониторинг ва арзёбии Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Боймаҳмадзода Музафар дод.

Боймаҳмадзода Музафар шахсони мутассадиро аз Мудирият ба муҳоҷирони иҷбории деҳаи Саидон муаррифӣ намуда, ба ҳозирин корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри баромадан аз буҳрони энергетикӣ, ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, пурра дастгирӣ намудани иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асосан талошу супоришу корбарию хоҳишу талаботи Пешвои миллат оиди сохтмони НБО – и Роғун суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, зикр намуд ки ҷалб намудани муҳоҷирони иҷборӣ ба корҳои ободонии деҳа, сохтмони роҳи нав дар соҳили чапи обанбори НБО – и Роғун ва овардани хатти оби нӯшокӣ ба деҳаи Саидон хоҳони дастгирии ҳозирин шуда, хоҳиш намуданд, ки бетарафиро пеша накунанд, ҳамеша омодаи дастгирӣ бошанд.

Сипас, сардори шуъбаи муҳоҷират ва барқарорсози воситаҳои рӯзгузаронии Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Розиев Ғайбулло оиди бартараф намудани пули деҳаи Сичароғ суханронӣ намуда, оиди сохтани пули деҳаи Саидон ва барои кашонидани борҳои рӯзгузаронӣ, ҳуҷҷатгузорӣ кардани заминҳо, хонаҳо ва муайян кардани меросхур дар ҳолати фавти муҳоҷир ва аз барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28.04.2025 сол таҳти рақами 24/2-37  оиди сарфакорона истифодабарии қувваи нерӯи барқ, пешгирии талафот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон дар мактабҳои миёна, бунгоҳои тиббӣ ва хоҷагиҳои  муҳоҷирон огоҳ намуданд.

Инчунин, корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати нерӯи барқ, сарфаю сариштакорӣ, пешгирии талафот ва дуздии нерӯи барқ дар ҳудуди ҷумҳурӣ бо муҳоҷирони иҷборӣ дар деҳаи Саидони Ҷаомати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун фаҳмонида шуд.

Дар ҷараёни сӯҳбат сардори шуъбаи мониторинг ва арзёбии Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Боймаҳмадзода М. аз муҳоҷироне, ки дар ҷаласа иштирок доштанд, хоҳиш намуд, ки нисбати масъалаҳои баррасишуда, фикрҳояшонро озодона иброз намоянд.

Дар фарҷоми машварати корӣ иштирокунандагони деҳаи Саидон гуфтаҳои болоро қобили қабул дониста, аз Мудирият дар овардани хатти оби нӯшокӣ ба деҳаи мазкур кӯмак хостанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *