ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ “ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР МУДИРИЯТ

Ахбор Паём ва суханрониҳои Президент ХАБАРҲО

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ “ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР МУДИРИЯТ

          Дар толори васеъи Мудирият бо иштироки муовинон, сардорони шуъбаҳо ва кормандони Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
          Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун барномаи таҳлилӣ ва муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат маҳсуб меёбад, ки дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ нақши калидӣ дошта, дар баробари дигар сохторҳо дурнамои фаъолияти мақомотҳои давлатиро бо вазифагузориҳои мушаххас муайян менамояд.
        Таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсӣ барои фаъолияти минбаъдаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеа хизмат намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла рушди устувор ва пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, нақши калидӣ дорад.
          Аз ҷумла дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ки моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми НБО – и Роғун мавриди истифода қарор мегирад ва бо ҳамин маҳдудияти барқ пурра барҳам мехӯрад. Ин мужда аз расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ дарак медиҳад.
          Нишондодҳои Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дастури рӯимизӣ барои ҳар як корманд дониста шуда, дар пешбурди фаъолияти минбаъдаи вазифавӣ, аз он ҳамчун роҳнамо истифода бурда мешавад. 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *