ҶАМЪБАСТИ ШАШМОҲАИ МУДИРИЯТ

Ахбор ИНФРАСОХТОР МУҲОҶИРАТ ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО ҲИСОБОТҲО

ҶАМЪБАСТИ ШАШМОҲАИ МУДИРИЯТ

9 – уми июли соли 2025 дар толори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ҷаласаи фаъолияти шашмоҳаи соли 2025 ва вазифаҳо барои шашмоҳаи охири Мудирият баргузор гардид.

Дар ҷаласаи шашмоҳаи Мудирият, директор, муовинон, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳои Мудирият дар ноҳияҳои Нурободу Рашт ва намояндагони сохторҳои давлатию ташкилоту муассисаҳои паймонкор иштирок намуданд.

Нахуст директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Манучеҳр Ҷамилзода маҷлисро оғоз ва ҳозиринро бо тартиби гузаронидани машварат шинос намуда, аз иштирокчиён хоҳиш намуд, ки доир ба беҳтар намудани кори Мудирият, ташкилотҳои паймонкор, молрасону хизматрасон ва дигар сохторҳое, ки дар омода намудани минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун фаъолият доранд, фикру андеша ва таклифҳои худро иброз намоянд.

Доир ба масъалаи баррасишавандаи рӯзнома фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои шашмоҳаи охири соли 2025 аз ҷониби директори Мудирият Манучеҳр Ҷамилзода ироа карда, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сипас аз тарафи директори Мудирият таклифу пешниҳодҳои муфиду мушаххас изҳор гардида, ба масъулин барои рафъи камбуду норасоиҳо ва иҷрои бечунучарои нақшаҳои истеҳсолӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар фарҷоми ҷаласаи фаъолияти шашмоҳа фикру андешаҳои иштирокчиён ба назар гирифта шуда, инчунин ҷиҳати иҷрои саривақтии раванди бонизоми муҳоҷиркунонӣ ва чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоӣ – экологӣ дар минтақаи мазкур, иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ дар соли 2025 протоколи шашмоҳаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои шашмоҳаи охири соли 2025 Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” қарор қабул гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *