ЭЪЛОН!

Ахбор ИНФРАСОХТОР МУҲОҶИРАТ ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО Эълон

ТАВАҶҶУҲ! ЭЪЛОН!

Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” хоҳишмандонро барои ишғоли ҷойҳои кори холӣ даъват менамояд.

Рӯйхати мансабҳои холӣ:

– Муҳосиб оид ба идоракунии молиявӣ;

– Муҳосиб оид ба пардохтҳо;

– Мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ;

– Сармутахассис оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, саломатӣ ва бехатарӣ;

– Мутахассис оид ба сиёсати гендерӣ;

– Мутахассис оид ба масъалаҳои кӯчонидан;

– Мутахассис оид ба воситаҳои рӯзгузаронӣ;

– Сардори шуъбаи мониторинг ва арзёбӣ;

– Сармутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ;

– Мутахассиси шуъбаи кадрҳо;

– Мутахассис – лоиҳакаш;

– Cармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ;

– Мутахассис оид ба компютер – техник;

– Тарҷумон (забони англисӣ ва ғ.);

– Мудири бахш дар ноҳияи Рашт;

– Мутахассиси бахш дар ноҳияи Рашт.

Талаботи тахассусӣ:

ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкурро таъмин карда метавонад;

таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаҳои иқтисод ва молия, ҳуқуқшиносӣ, гуманитарӣ, сохтмонӣ – муҳандисӣ, экологию иҷтимоӣ ва дигар ихтисосҳои марбута;

– собиқаи корӣ на кам аз 5 сол;

мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли ҷомеа;

донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ;

маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир;

– доштани малакаи хуби кор бо компютер ва MS Office.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурии дархостшаванда:

  1. Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи директори Мудирият (Word);
  2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (Word) – (бо 4 дона расми андозаи 3х4);
  3. Тарҷумаи ҳол (резюме) – (Word);
  4. Нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  5. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  6. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038;
  7. Маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;
  8. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  9. Нусхаи шиноснома;
  10. Гувоҳинома (сертификат) дар бораи донистани забони хориҷӣ.

 Эзоҳ:

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои Мудирият тибқи тартиби муқарраргардида қабул карда мешаванд.

Ҳуҷҷатҳо то санаи 31 – уми январи соли 2025 қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар – 10.

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: (+992) 55 000 24 44.

Почтаи электронӣ: mdmmz@internet.ru

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *