ШИКОЯТҲОИ МУҲОҶИРОН БАРРАСӢ ШУДАНД

Ахбор Муроҷиати шаҳрвандон ХАБАРҲО Эълон

ШИКОЯТҲОИ МУҲОҶИРОН БАРРАСӢ ШУДАНД

Дар 12 моҳи соли 2024 ба дастгоҳи марказии Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва намояндагиҳои он дар минтақаҳо 108 арзу шикоятҳои хаттӣ ва шифоии муҳоҷирон оид ба масъалаҳои зерин ворид гардиданд.

Аз ҷумла:

  • Оиди ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ;
  • Оиди барасмият даровардани ҳуҷҷатҳои мағоза;
  • Оиди ба кор таъмин кардан дар Муассисаи таълимии маҳаллаи 7 – уми шаҳраки Дарбанд;
  • Пардохти ҷубронпулӣ;
  • Ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони маркази хизматрасонӣ;
  • Ҷудо намудани замин барои сохтмони истгоҳи ҷамъиятӣ;
  • Дархост оиди қатъ гардидани қубури оби нӯшокӣ;
  • Дархост оиди азнавнархгузории хонаи истиқоматӣ;
  • Дархост оиди иваз намудани қитъаи замини №741 ба №10.

Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” мутобиқи қонунҳо ва санаду меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо арзу шикоятҳои хаттӣ ва шифоии муҳоҷиронро иҷро ва баррасӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *